Маҳдавият ва имомат ->


Имомат ва сифоте, ки бояд имом дошта бошад

Пас аз реҳлати Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) муҳимтарин баҳсе, ки дар ҷомеаи навпои исломӣ матраҳ шуд мавзўи хилофат ва ҷонишинии Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) буд.

Гурўҳе бар асоси орои баъзе аз бузургони саҳобаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) хилофати Абўбакрро қабул карданд ва гурўҳи дигар мўътақид буданд, ки ҷонишини Паёмбар бинобар таъйини он ҳазрат Имом Алӣ (саломуллоҳи алайҳ) аст. Дар замонҳои баъд дастаи аввал ба “Омма” (аҳли суннат ва ҷамоат) ва гурўҳи дуввум ба “Хосса” (шиа ва ташайюъ) маъруф гардиданд. Ниёз ба имом[1] Вале равшан аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба унвони раҳбари муслимин мутобиқи ниёзҳо ва зарфияту бардошти ҷомеаи исломии замони худ ба баёни оёти илоҳӣ пардохтааст ва лозим аст барои ў ҷонишинони лоиқе бошанд, ки монанди ў ба дарёи бекарони илми Худо муттасил бошанд, то он чиро, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) баён нафармудааст, баён кунанд ва ниёзҳои ҷомеаи муслиминро дар ҳар замон посух диҳанд.[2]Хусусиёт ва вижагиҳои Имом[3] будани ў аз ҷониби Худои Мутаол аст.Илми Имом[4]Исмати имом[5]Мудирияти иҷтимоии Имом (саломуллоҳи алайҳ)Оростагӣ ба камолоти ахлоқӣ[6][7]Насбу таъйиниимом аз сўи Худо[8]Баёне ҷомеъ ва зебо[9][1].Қуръон хитоб ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармудааст: “Мо Зикр (Қуръон)-ро бар ту фиристодем, то он чиро бар мардум нозил шудааст барои онҳо баён кунӣ”, сураи Наҳл ояти 44.[2].Гуфтанӣ аст, ки ташкили ҳукумат ба василаи имоми маъсум вобаста ба заминаҳо ва шароити он аст ва дигар вазифаҳо, ҳатто дар замони ғайбат низ анҷом мешавад, агар чӣ дар замони зуҳури имом ва ҳузури ошкораш дар миёни мардум қобили дарк аст. Нуктаи дигар ин ки он чӣ дар ин бахш гуфта шуд ниёзи мардум ба имом дар ҳаёти маънавии онҳост ва аммо ниёзи тамоми олам ба вуҷуди имом дар баҳси “Фоидаҳои имоми ғоиб” хоҳад омад.[3].Мансуб – интихобшуда, таъйиншуда [4].“Мизон-ул-ҳикма” ҷ.1.ҳадиси 861.[5].Ба илова агар имом, аз хато дар амон набошад, бояд аз паи имоми дигаре буд, то ба ниёзи мардум ҷавоб гўяд ва агар ў низ аз хато дар амон набошад имоми дигаре лозим аст ва ин равиш ҳамчунон то бениҳоят идома хоҳад ёфт ва чунин амре аз назари ақлӣ ботил аст.[6].“Маони-ул-ахбор”-и Шайх Садуқ,ҷ.4.саҳ.102.[7]“.Мизон-ул-ҳикма”, боби 127 ҳадиси 850.[8].Сураи Бақара ояти 124.[9]“.Усули кофӣ”,ҷ.1. боби 15 ҳадиси 1 саҳ.155-198. “Уюну ахбор-ур-Ризо”,ҷ.2.саҳ.195, ҳадиси 1. Камол-уд-дин”, боби 58.саҳ.675, ҳадиси 31.

Матлаби қобили таваҷҷўҳ ин аст, ки ихтилофи шиа ва суннӣ танҳо дар шахси ҷонишини Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) нест, балки дар дидгоҳи ҳар як “имом” маънову мафҳум ва ҷойгоҳи махсусе дорад, ки ин ду мазҳабро аз якдигар ҷудо мекунад.
Барои равшан шудани мавзўъ, маънои имом ва имоматро баррасӣ мекунем, то фарқҳо дар дидгоҳҳо ошкор ва равшан гардад.
“Имомат” дар луғат ба маънои пешвоӣ ва раҳбарӣ аст ва “имом” касе аст, ки сарпарастии як гурўҳро дар роҳи мушаххасе ба ўҳда мегирад. Ва дар истилоҳи илми дин, имомат ба таврҳои мухталиф тафсир шудааст.
Аз назари аҳли суннат, имомат мансаби илоҳӣ нест, балки ҳокимияти дунявие аст, ки аз раҳгузари он ҷомеаи муслимин сарпарастӣ ва идора мешавад ва аз он ҷо, ки ҳар ҷамъияте ниёз ба пешво ва бузурге доранд ҷомеаи муслимин низ пас аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бояд барои худ раҳбаре интихоб кунад ва чун барои ин интихоб роҳу расми махсусеро дин нишон надодааст, пас интихоби ҷонишини Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) метавонад аз роҳҳои мухталиф монанди баргашт ба назару орои аксарияти мардум ё бузургони онҳо ё васияти халифаи пешин ва ё ҳатто фиребу ғалабаи низомӣ ва зўр бошад ва дар ҳамаи ин ҳолатҳо дуруст аст.
Вале шиа, ки имоматро идомаи набувват ва имомро ҳуҷҷати Худо дар миёни халқ ва воситаи файзи ў ба махлуқот медонад мўътақид аст, ки имомро танҳо Худованд таъйин мекунад, ки аз забони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) - паёмовари ваҳй, муаррифӣ мешавад. Ин эътиқод ба хотири ҷойгоҳи баланди имомат дар тафаккури шиа мебошад, ки имомро танҳо сарпараст ва раҳбари ҷомеаи муслимин, ки баёнкунандаи аҳкоми илоҳӣ ва муфассири Қуръони Карим ва раҳнамои роҳи саодат медонад. Ба баёни дигар дар фарҳанги шиа, имом, марҷаи умури мардум дар бахши дин ва дунё мебошад на он гуна, ки аҳли суннат эътиқод доранд, ки вазифаи халифа танҳо ҳукуматдорӣ ва идораи дунёи мардум бошад.
 
Пас аз равшан шудани дидгоҳҳо, муносиб аст ба ин савол ҷавоб диҳем, ки бо вуҷуди Қуръон ва суннати Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) чӣ ниёзе ба имом ва раҳбари динӣ (он гуна, ки шиа мўътақид аст), вуҷуд дорад?
Барои зарурати вуҷуди имом, далелҳои фаровоне баён шудааст, вале мо танҳо ба як баёни содда басанда мекунем:
Ҳамон далеле, ки ниёз ба Паёмбарро баён мекунад, баёнгари ниёзи мардум ба имом низ аст. Чун аз тарафе, Ислом охирин дин ва ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) охирин паёмбари Худост, бинобар ин Ислом бояд ҷавобгўи тамоми ниёзҳои башар то рўзи қиёмат бошад. Аз сўи дигар Қуръони Карим, усул ва куллиёти аҳком ва маорифи илоҳиро баён кардааст ва тафсиру тавзеҳи он ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) вогузор шудааст.
Ҳамчунин имомон (саломуллоҳи алайҳим) нигаҳбони мероси боқимонда аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва низ баёнкунанда ва муфассири ҳақиқии Қуръони Карим ҳастанд, то дини Худо мавриди таҳрифи ғаразварзон ва душманон қарор нагирад ва ин сарчашмаи зулол то рўзи қиёмат поку покиза боқӣ бимонад.
Ба илова имом ба унвони инсони комил, намунаи ҷомеъ ва комиле дар ҳамаи абъоду намунаҳои инсонӣ аст ва башар ниёзи ҷиддӣ ба чунин намунае дорад, ки бо дастгирӣ ва ҳидояти ў он гуна, ки лоиқи камоли инсонии ўст тарбият шавад ва дар сояи раҳнамоиҳои ин тарбиятгари осмонӣ аз гумроҳиҳо ва домҳои нафси саркаш ва шайтонҳои берунӣ маҳфуз монад.
Аз матолиби боло равшан шуд, ки ниёзи мардум ба имом як ниёзи ҳаётӣ аст ва баъзе аз вазифаҳои имом ба шарҳи зер мебошад:
-Раҳбарӣ ва идораи умури ҷомеа (ташкили ҳукумат);
-Ҳифзи дин ва оини Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз таҳриф ва баёни саҳеҳи Қуръон;
-Тазкия ва поксозии нафсҳо ва ҳидояти маънавии мардум.
 
Ҷонишини Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ки зомини идомаи ҳаёти дин ва ҷавобгўи ниёзҳои башар аст, шахсияти волое аст, ки мувофиқи ҷойгоҳи волои пешвоӣ ва раҳбарӣ хусусиятҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо аз инҳо иборатанд:
- Тақво ва парҳезгорӣ ва бархўрдорӣ аз малакаи исмат ба гунае, ки майдатарин гуноҳе аз ў сар намезанад;
- Илму донише, ки аз илму дониши Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) сарчашма гирифтааст ва ба илми илоҳӣ муттасил аст. Бинобар ин, ҷавобгўи ҳама дар тамоми заминаҳои моддӣ ва маънавӣ, динӣ ва дунявӣ аст;
- Оростагӣ ба фазоил ва камолоти ахлоқӣ дар болотарини дараҷот;
- Тавони идораи ҷомеаи башарӣ ва мудирияти саҳеҳи он бар асоси омўзаҳои динӣ...
Бо таваҷҷўҳ ба сифатҳои ёдшуда барои имом, хеле равшан аст, ки интихоби чунин шахсе аз тавону дониши мардум берун аст ва танҳо Худованд ба сабаби илми бениҳояти худ метавонад пешвоён ва ҷонишинони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро интихоб намояд. Бинобар ин, аз муҳимтарин хусусиёти имом мансуб
Бо таваҷҷўҳ ба аҳамияти ин хусусиёт ва вижагиҳо хулосавор дар бораи ҳар кадом тавзиҳоте медиҳем:
 
Имом, ки вазифаи пешвоӣ ва раҳбарии мардумро бар ўҳда дорад лозим аст динро бо тамомии ҷиҳоту завоёи худ бишносад ва ба қавонини он огоҳии комил дошта бошад ва низ бо донистани тафсири оятҳои Қуръон ва иҳотаи комил ба суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба баёни маорифи дин пардохта ва ба ҳамаи саволҳои мардум дар мавзўоти мухталиф ҷавоб диҳад ва онҳоро ба беҳтарин равиш роҳнамоӣ кунад. Равшан аст, ки чунин марҷаи илмӣ метавонад мавриди эътимод ва такягоҳи гурўҳҳои мардум қарор гирад ва чунин захираи илмӣ, танҳо ба воситаи иттисол ба илми илоҳӣ метавонад вуҷуд дошта бошад. Ба ҳамин далел аст, ки шиа мўътақид аст илми имомон ва ҷонишинони воқеии Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) баргирифта аз илми бекарони илоҳӣ аст.
Имом Алӣ (саломуллоҳи алайҳ) дар бораи аломатҳои имоми барҳақ мефармояд:
“Имом огоҳтарин шахс ба ҳалолу ҳароми Худо ва аҳкоми гуногун ва амрҳову наҳйҳои ў ва ниёзҳоимардум мебошад”.
 
Яке аз сифатҳои муҳимми имом ва шароити асосии имомат, “исмат” (маъсум будан) аст ва он малакае аст, ки аз илм ба ҳақиқатҳо ва иродаи қавӣ ба вуҷуд меояд ва имом ба сабаби бархўрдорӣ аз ин ду, аз иртикоби ҳар гуноҳ ва хатое худдорӣ мекунад. Имом, ҳам дар шинохту баёнӣ маорифи динӣ ва ҳам дар амал ба онҳо ва ҳам дар ташхиси маслиҳатҳо ва фасодҳои ҷомеаи исломӣ, маъсум (дур) аз лағзиш мебошад.
Барои исмати имом далелҳои ақлӣ ва нақлӣ (аз Қуръон ва ривоёт) вуҷуд дорад. Муҳимтарин далелҳои ақлӣ аз инҳо иборатанд:
1-Ҳифзи дин ва роҳу расми диндорӣ, дар гарави исмати имом аст. Зеро имом масъулияти ҳифзи дин аз таҳриф ва ҳидояти динии мардумро бар ўҳда дорад ва на танҳо сухани ў, балки рафтори ў ва таъйид кардану таъйид накарданаш нисбат ба амали дигарон дар рафтори ҷомеа таъсир мегузорад. Пас бояд дар фаҳми дин ва амал ба он аз ҳар лағзише маҳфуз ва дар амон бошад, то пайравони худро ба гунаи саҳеҳ ҳидоят кунад.
2-Яке аз далелҳои ниёзи ҷомеа ба имом ин аст, ки мардум дар шинохти дин ва иҷрои он аз хато дар амон нестанд. Ҳоло, агар пешвои мардум низ чунин бошад чӣ гуна метавонад мавриди эътимоди комили онҳо қарор гирад?! Ба баёни дигар, агар имом маъсум набошад, мардум дар пайравӣ аз ў ва анҷоми ҳамаи дастуроташ дучори шакку тардид хоҳанд шуд.
Оятҳое аз Қуръон низ бар зарурати маъсум будани имом далолат мекунад, ки аз ҷумлаи онҳо ояти 124 сураи Бақара аст. Дар ин ояти шарифа омадааст, ки пас аз мақоми набувват Худованди Мутаол мақоми волои имоматро низ ба ҳазрати Иброҳим (саломуллоҳи алайҳ) ато фармуд. Онгоҳ ҳазрати Иброҳим аз Худованд дархост намуд, ки мақоми имоматро дар насли ў низ қарор диҳад. Худованди Мутаол фармуд:
 
"... لا ينال عهدي الظالمين".
“Аҳди ман (имомат) ба ситамкорону золимон намерасад”. Яъне мансаби имомат махсуси он даста аз зуррияи Иброҳим (саломуллоҳи алайҳ) аст, ки золим набошанд.
Ҳоло, бо таваҷҷўҳ ба ин ки Қуръони Карим ширк ба Худоро зулми бузург дониста ва низ ҳар гуна таҷовуз аз дастуроти илоҳиро низ зулм ба нафси худ шуморидааст, ҳар кас дар зиндагии худ муртакиби гуноҳе шавад, мисдоқи золим буда шоистагии мақоми имоматро нахоҳад дошт.
Ба баёни дигар бешак ҳазрати Иброҳим (саломуллоҳи алайҳ) “имомат”-ро барои он даста аз зуррияи худ, ки дар тамоми умр гунаҳкор буда ва ё дар оғоз некўкор буда ва сипас бадкор шудаанд, дархост накардааст. Бинобар ин, ду даста боқӣ мемонад:
1-Онҳое, ки дар оғоз гунаҳкор буда ва сипас тавба карда ва некўкор шудаанд;
2-Онҳое, ки ҳеҷ гоҳ муртакиби гуноҳе нашудаанд.
Ва Худованди Мутаол дар каломи худ дастаи аввалро хориҷ кардааст. Натиҷа ин мешавад, ки мақоми имомат танҳо ба дастаи дуюм ихтисос дорад.
 
Аз он ҷо, ки инсон мавҷуди иҷтимоӣ аст ва иҷтимоъ бар рўҳу равон ва рафтори ў таъсири фаровоне дорад, лозим аст барои тарбияти саҳеҳ ва рушди ў ба сўи қурби илоҳӣ, заминаҳои иҷтимоии муносиб ба вуҷуд ояд ва ин дар сояи ташкили як ҳукумати илоҳӣ мумкин хоҳад буд. Бинобар ин, имом ва пешвои мардум, бояд тавони идораи умури ҷомеаро доро буда, бо истифода аз таълимҳои Қуръон ва суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва баҳрагирӣ аз афроди коромад ҳукумати исломиро поярезӣ кунад.
 
Имом, ки пешво ва раҳбари ҷомеа аст, бояд аз ҳамаи бадиҳо ва разолатҳои ахлоқӣ дур буда ва дар муқобил, ҳама камолоти ахлоқиро дар олитарин ҳадди он доро бошад, чун ў ба унвони инсони комил беҳтарин улгу барои пайравони худ ба шумор меравад.
Имом Ризо (саломуллоҳи алайҳ) фармуд:
“Имом нишонаҳое дорад: Ў донотарин... парҳезгортарин, сабуртарин, шуҷоътарин, саховатмандтарин ва обидтарини мардум аст”.
Ба илова имом дар мақоми ҷонишинии Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар паи таълиму тарбияти инсонҳо аст. Бинобар ин, худ бояд пеш аз ҳама ва бештар аз дигарон ба ахлоқи илоҳӣ ороста бошад.
Имом Алӣ (саломуллоҳи алайҳ) мефармояд:
“Касе, ки ба амри Худо худро имоми мардум қарор додааст, пас бар ў лозим аст, ки пеш аз таълими дигарон ба таълими худ ҳиммат гузорад ва бояд дигаронро ба василаи рафтори худ тарбият кунад, пеш аз он ки бо гуфтор тарбият кунад”.
 
Аз дидгоҳи шиа имом ва ҷонишини Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) танҳо бо дастури Худо ва интихоби ў анҷом мегирад ва пас аз он, Паёмбар имомро муаррифӣ мекунад. Бинобар ин, ҳеҷ фард ё гурўҳе ҳаққи дахолат дар ин масъаларо надоранд.
Зарурати насбу таъйини имом аз сўи Худованд далелҳое дорад аз ҷумла:
1-Ба фармудаи Қуръони Карим ҳокими мутлақ бар ҳамаи чиз Худованд аст ва ҳама бояд танҳо аз ў итоат кунанд. Бадеҳӣ ва равшан аст, ки ин ҳокимият метавонад аз сўи Худованд ба ҳар касе, (мувофиқи шоистагӣ ва салоҳ), дода шавад. Бинобар ин ҳамон гуна, ки паёмбар ба василаи Худо интихоб мешавад, имом низ бо таъйини илоҳӣ бар мардум вилоят меёбад.
2-Пеш аз ин барои имом хусусиёте монанди исмат, илм ва сифатҳои дигарро баён кардем. Равшан аст, ки ёфтан ва шинохтани касе, ки дорои ин сифатҳо (он ҳам дар олитарин дараҷа), бошад танҳо ба василаи Худованд, ки доно ба ошкору пинҳони инсонҳо мебошад, имконпазир аст. Ҳамон гуна, ки Худованди Мутаол дар Қуръони Карим ба ҳазрати Иброҳим (саломуллоҳи алайҳ) мефармояд:
إني جاعلك للناس اماما
”Ман туро имоми мардум қарор додам”.
 
Дар поёни ин гуфтор муносиб аст, ки бахше аз баёни зебои пешвои ҳаштў ҳазрати Имом Ризоро, ки дар бораи мақоми имом ва хусусиёти он аст оварем:
“Онҳое, (ки дар амри имомат ихтилоф карданд ва гумон карданд, ки имомат амри интихобӣ аст) нодонӣ карданд... Магар мардум мақому манзалати имоматро дар миёни уммат медонанд то раво бошад, ки ба ихтиёр ва интихоби онҳо вогузор шавад?!
 Ҳамоно имом қадраш волотар ва шаънаш бузургтар ва манзалаташ олитар ва маконаш рафиътар ва умқаш жарфтар аз он аст, ки мардум бо ақли худ ба он бирасанд ё бо орои худ онро дарёбанд ва интихоб кунанд...
Имомат мақоме аст, ки Худованди Мутаол баъд аз рутбаи набувват ва хуллат (мақоми халили илоҳӣ шудан) дар мартабаи сеюм ба Иброҳим (саломуллоҳи алайҳ) ихтисос дод... Имомат хилофати Худо ва хилофати Расули Худо ва мақоми Амиралмўъминин ва мероси Ҳасану Ҳусайн (саломуллоҳи алайҳим)  аст. Ба ростӣ, ки имомат, раҳбарӣ ва идораи дин ва мояи низоми муслимин ва салоҳи дунё ва иззати мўъминон аст... Комил шудани намоз, рўза, ҳаҷ, ҷиҳод..., ҳифзи марзҳо ба сабаби имом (ва пазируфтани вилоят) аст.
Имом ҳалоли Худоро ҳалол ва ҳароми ўро ҳаром мекунад (ва мувофиқи ҳукми воқеии Парвардигор ҳукм мекунад) ва ҳудуди илоҳиро барпо медорад, аз дини Худо ҳимоят карда бо ҳикмату мавъизаи некў ва далели расо ба роҳи Парвардигор даъват мекунад.
Имом монанди хуршеди тулўъкунандае аст, ки нураш оламро фаро мегирад ва худаш дар уфуқ аст ба гунае, ки дастҳо ва дидагон ба он нарасад. Имом моҳи тобон, чароғи фурўзон, нури дурахшон ва ситораи роҳнамо дар шиддати торикиҳо ва дар роҳҳои шаҳрҳо ва биёбонҳои беобу гиёҳ ва дар гирдоби дарёҳо (ва наҷотдиҳанда аз фитнаҳо ва нодониҳои гуногун) аст...
Имом аниси ҳамроҳ ва падари меҳрубон ва бародари танӣ ва модари некўкор ба фарзанди кўчак ва паноҳгоҳи бандагони Худо дар мусибатҳои бузург аст. Имом касе аст, ки аз гуноҳон пок ва аз айбҳо барканор аст. Ў ба дониши махсус ва ба худдорӣ ва ҳилму бурдборӣ нишонадор аст... Имом ягонаи рўзгори худ аст ва касе ба соҳати ў наздик намешавад ва ҳеҷ донишманде бо ў баробар намешавад...
Пас кист, ки битавонад имомро бишносад ва ё интихоби имом барои ў мумкин бошад?! Ҳайҳот, ҳайҳот! Дар ин ҷо хирадҳо гум гашта ва ақлҳо саргардону ҳайрон шудааст. Дар ин ҷо дидаҳо камнур, бузургон кўчак, ҳакимон мутаҳаййир... ва сухандонон дармондаанд аз ин ки битавонанд яке аз шаънҳо ё фазилатҳои имомро тавсиф кунанд ва онҳо ҳамагӣ ба аҷзу нотавонӣ эътироф мекунанд!!...”
 

 


 

 
 
 
 
 
 
 
 
 

Имомат

 

[ Дафаоти боздид : 211]

Назароти корбарон

Ном
Пусти элекроник
Матн
Коди амниятӣ